Дар Душанбе татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд

Декабрь 27, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 27.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026»  баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҷаласаи Шуро  фаъолияти мақомоту идораҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи ин барнома дар соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.  Дар ҷаласа  Ваколатдор оид ба ҳуқуқ инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,    раиси Шуро Умед Бобозода гуфт:  «чор сол мешавад, ки  мо дар ҳамоҳангӣ ҷиҳати татбиқи яке аз барномаҳои муҳимми давлатӣ – «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026» ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати оммавӣ гардонидани таълими ҳуқуқи инсон, таҳкими ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, тарғиби ҳуқуқи инсон, таълифи адабиёти ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мусоидат менамоем».

Барномаи мазкур фарогири таълими соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, давраҳои  омӯзишӣ ва бозомӯзии муаллимон, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ буда, бо дарназардошти ҳадафҳои марҳилаи чоруми Барномаи ҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҷавонон ва рӯзноманигорон илова карда шудаанд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид  эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ бори дигар дурустии қабул ва татбиқи стратегияву барномаҳо ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон бозгӯ менамояд.

Гуфта шуд, ки татбиқи Барномаи мазкур далели он аст, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми имкониятҳо барои таълими ҳуқуқи инсон муҳайё буда, дар ҳамкорӣ бо мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва  шарикони рушд чорабинҳои пешбинигардида муваффақона амалӣ карда мешаванд.

Бояд тазаккур дод, ки  Шурои ҳамоҳангсози байниидоравӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021 қабул гардидааст.   Шуро аз ҳисоби намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои мудофиа, адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи ВАО таъсис дода шудааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 27, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд