Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давоми моҳи декабр аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг дар 12 садяк замин тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ниҳолшинонӣ дар густариши масоҳати ҷангалзори ноҳия, таъмини нигоҳдории устувори экосистема ва рушди соҳаи ниҳолпарварӣ нақши муҳим мебозад. Шинонидани чунин теъдоди ниҳолҳо имкон медиҳад, ки заминаи устувори экологии минтақа барои солҳои оянда фароҳам оварда шавад.
Ҳамзамон ин иқдом бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда, ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии экология равона гардид.
Масъулон таъкид менамоянд, ки ин иқдоми назаррас дар заминаи сиёсати давлатии рушди ҷангал ва афзоиши масоҳати сабз дар ҷумҳурӣ аҳамияти стратегӣ дорад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи муайян коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии номусоиди иқлим ба ҳаёти одамон ва мавҷудоти дигари зиндаи табиат гузаронида шуд.
АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






