Дар хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг тақрибан 10 ҳазор бех ниҳоли санавбар шинонида шуд

Декабрь 22, 2025 16:20

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Давоми моҳи декабр аз ҷониби Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг дар 12 садяк замин тақрибан 10 ҳазор бех  ниҳоли санавбар шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ниҳолшинонӣ дар густариши масоҳати ҷангалзори ноҳия, таъмини нигоҳдории устувори экосистема ва рушди соҳаи ниҳолпарварӣ нақши муҳим мебозад. Шинонидани чунин теъдоди ниҳолҳо имкон медиҳад, ки заминаи устувори экологии минтақа барои солҳои оянда фароҳам оварда шавад.

Ҳамзамон ин иқдом бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда, ба ҳифзи муҳити зист ва тозагии экология равона гардид.

Масъулон таъкид менамоянд, ки ин иқдоми назаррас дар заминаи сиёсати давлатии рушди ҷангал ва афзоиши масоҳати сабз дар ҷумҳурӣ аҳамияти стратегӣ дорад.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дар сатҳи муайян коҳиш додани оқибатҳои манфии тағйирёбии номусоиди иқлим ба ҳаёти одамон ва мавҷудоти дигари зиндаи табиат гузаронида шуд.

АКС: Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 22, 2025 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар канори шоҳроҳи мошингарди Данғара–Душанбе беш аз 4000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Соли 2026 дар ноҳияи Рӯдакӣ 22 ҳазор бех ниҳоли ороишию сояафкан шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳи Бохтар–Душанбе маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Дар канори роҳи ёдгории Панҷакенти қадим 600 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар беш аз ҳазор бех ниҳол шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон намоиш — фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мевадиҳанда оғоз гардиданд
Дар теппаҳои шоҳроҳҳои Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ беш аз 106 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2025 дар Тоҷикистон дар беш аз ҳазор гектар ҷангал бунёд карда шуд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Синои пойтахт беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд