Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад

Декабрь 13, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи таҷрибавии зироати субтропикӣ ва ситрусии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмии ин пойгоҳ  Қутбиддин Рукниддинов иттилоъ дод.

Қутбиддин Рукниддинов афзуд, ки ин пойгоҳ 95 гектар масоҳат дошта, соли 1935 бо мақсади омӯзиши рустаниҳои субтропикӣ ва ситрусӣ таъсис дода шудааст. Дар пойгоҳ аз навъҳои меваҳои ситрусӣ 4 навъи беҳтарини мандарин, 4 навъи грейпфрут ва навъҳои лимӯ парвариш карда мешаванд.

Меваҳои ситрусӣ гурӯҳи растаниҳои ҳамешасабз ва меваҳои онҳо лимӯ, грепфрут, лайм, авокадо, манго, фейхоа, маракуя, папая (дарахти харбуза), каламондин,  кумкват, банан ва дигар навъҳо мебошанд, ки аз витамини С ва антиоксидантҳо бой мебошанд. Ин меваҳо бо таъми ширину турш, талх ва бӯи ширин барои баланд бардоштани масуният истифода мешаванд.

Рушди ситруспарварӣ яке аз манбаъҳои даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат мебошад. Бо парвариши навъҳои гуногуни меваҳои ситрусӣ нархи онҳо дар бозорҳои истеъмолӣ паст мегардад. Он ҳамчунин ба таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.

«Солҳои пеш парвариши растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақҳо  ба роҳ монда мешуд. Дар айни замон навъҳои меваҳои ситрусӣ дар гармхонаҳо парвариш меёбанд, ки баъди фасли зимистон дар баҳор болои онҳо кушода шуда, бо ҳарорати баланди ҳавои берунӣ таъмин мегарданд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Иброз гардид, ки меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати мазаю бӯйи хуш ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Лимӯи Тоҷикистон яке аз меваҳои содиротӣ буда, онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш нисбат ба меваҳои воридотӣ хуштаъм буда, бартарӣ дорад. Азбаски онҳо энергияи Офтоб ва ғизои заминро хуб қабул намуда, аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, зуд харидор пайдо мекунанд. Имрӯзҳо дар қатори меваҳои маъмули истеъмолӣ  меваҳои субтропикӣ ва ситрусӣ, аз қабили мандарин, афлесун, грейпфрут, лимӯ, хурмо, анҷир, анор, бодом  ва ғайра дар ҳар иду ҷашнвораҳо зиннатбахши  дастархони мардум гардидаанд. Рушди бемайлони соҳаи ситруспарварӣ ҳамчун яке аз манбаъҳои  даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат метавонад садди баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардида, ба  таъсиси ҷойи нави кор  ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ мусоидат кунад.

Каламондин намуде аз меваҳои ситрусӣ аст. Ҳарчанд каламондин  зоҳиран ба афлесун монанд аст, аммо шаклан бисёр хурд буда, таъмаш низ аз афлесун фарқ дорад. Зеро афлесун ширину хуштамъ буда, каламондин туршу хӯрданаш душвор аст. Дар туршӣ аз лимӯ дида бартарият ва тамоми фасли сол ҳосил дорад. Дар як вақт дар ниҳоли мазкур ҳам гул, ҳам ғурраю ҳосили нимрасида ва ҳам меваи пухтарасидаро метавон мушоҳида кард.

Кумкват — меваест, ки ҳаҷман ба олуболу ва шаклан ба лимӯ монандӣ дорад, аммо таъми он ба мисли мандарин аст. Ранги меваҳои он норинҷист ва онро одатан бо пӯсташ истеъмол мекунанд. Ба иттилои мутахассиси меваҳои ситрусӣ, ниҳоли кумкват аз 2 то 5 метр баланд мешавад, вобаста ба ҳаҷм як ниҳол то ба 100 ё 1000 мева баста метавонад. Кумкват растании тропикиест, ки ба оилаи ситрусӣ мансуб мебошад. Ватани он манотиқи кӯҳсори Чин аст. Бештар онро давлатҳои Индонезия, Ҷопон, Юнон ва Иёлоти Муттаҳида Амрико содирот мекунанд. Он дорои бисёр витаминҳо, ба мисли A, C, E, B1-6, калий, вакалтсий, оҳан, магний, мис, натрий ва фосфор мебошад. Онро бештар барои бемориҳои зуком, меъда ва асабу афсурдаҳолӣ тавсия  медиҳанд.

Афлесун дар таркиби худ то 88,6 фоиз об, 6,2-9 фоиз қанд, 1,4 фоиз ҷавҳар, 0,49 фоиз намакҳои маъданӣ, 0,47 клетчатка, 0,93  моддаҳои пектинӣ, витамини B1, В2, С, РР, В, Р дорад. Инчунин дар пӯсташ то 75,93 фоиз об, 7,96  фоиз қанд, 0,22 фоиз ҷавҳар, 0,67  фоиз намакҳои маъданӣ, 3,49 фоиз клетчатка, 4,74 фоиз моддаҳои  пек­тинӣ, витамини С, РР, B1 ва В2 ва то 2 фоизи дигар равғани эфир дорад. Табибон мева ва афшураи онро ҳамчун воситаи иштиҳоовар, талхарон ва пасткунандаи фишори хун тавсия медиҳанд. Меваи афлесунро барои  табобати атеросклероз, фарбеҳӣ ва бемо­риҳои ҷигар низ тавсия медиҳанд. Табибони халқӣ онро бо мақсади муолиҷаи захмҳои сироятёфта истифода менамоянд. Моддаҳои пектинии таркиби он фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, барои пешгирии қабзият муфид аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 13, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад
Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
«МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР СОҲАИ ТИҶОРАТ». Дар Душанбе масъалаҳои муқовимат ба ин зуҳурот ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол – 2025» баргузор гардид
ШУРОИ МИЛЛИИ ОБ. Он ба истифода, ҳифз ва идоракунии устувори захираҳои обӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
Барои коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта дар Тоҷикистон ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ чӣ бояд кард? Шарҳи коршиносон
Имрӯз таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи тиҷорат» форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
Файзиддин Қаҳҳорзода дар Риёз дар ҷаласа доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимӣ ва устуворӣ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка вусъат меёбад