Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш меёбад
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар пойгоҳи таҷрибавии зироати субтропикӣ ва ситрусии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 навъи меваи ситрусӣ парвариш карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» номзади илмҳои кишоварзӣ, ходими калони илмии ин пойгоҳ Қутбиддин Рукниддинов иттилоъ дод.
Қутбиддин Рукниддинов афзуд, ки ин пойгоҳ 95 гектар масоҳат дошта, соли 1935 бо мақсади омӯзиши рустаниҳои субтропикӣ ва ситрусӣ таъсис дода шудааст. Дар пойгоҳ аз навъҳои меваҳои ситрусӣ 4 навъи беҳтарини мандарин, 4 навъи грейпфрут ва навъҳои лимӯ парвариш карда мешаванд.
Меваҳои ситрусӣ гурӯҳи растаниҳои ҳамешасабз ва меваҳои онҳо лимӯ, грепфрут, лайм, авокадо, манго, фейхоа, маракуя, папая (дарахти харбуза), каламондин, кумкват, банан ва дигар навъҳо мебошанд, ки аз витамини С ва антиоксидантҳо бой мебошанд. Ин меваҳо бо таъми ширину турш, талх ва бӯи ширин барои баланд бардоштани масуният истифода мешаванд.
Рушди ситруспарварӣ яке аз манбаъҳои даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат мебошад. Бо парвариши навъҳои гуногуни меваҳои ситрусӣ нархи онҳо дар бозорҳои истеъмолӣ паст мегардад. Он ҳамчунин ба таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.
«Солҳои пеш парвариши растаниҳои ситрусӣ, хусусан дар хандақҳо ба роҳ монда мешуд. Дар айни замон навъҳои меваҳои ситрусӣ дар гармхонаҳо парвариш меёбанд, ки баъди фасли зимистон дар баҳор болои онҳо кушода шуда, бо ҳарорати баланди ҳавои берунӣ таъмин мегарданд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.
Иброз гардид, ки меваҳои ситрусие, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбанд, аз ҷиҳати мазаю бӯйи хуш ва сифатнокӣ дар ҷаҳон ҳамто надоранд. Лимӯи Тоҷикистон яке аз меваҳои содиротӣ буда, онро метавон ҳамчун бренди тоҷикӣ эътироф кард. Зеро лимӯи тоҷикӣ аз лиҳози лаззат, тунукии пӯст, ранг, намуди зоҳирӣ ва таркиби биохимиявиаш нисбат ба меваҳои воридотӣ хуштаъм буда, бартарӣ дорад. Азбаски онҳо энергияи Офтоб ва ғизои заминро хуб қабул намуда, аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, зуд харидор пайдо мекунанд. Имрӯзҳо дар қатори меваҳои маъмули истеъмолӣ меваҳои субтропикӣ ва ситрусӣ, аз қабили мандарин, афлесун, грейпфрут, лимӯ, хурмо, анҷир, анор, бодом ва ғайра дар ҳар иду ҷашнвораҳо зиннатбахши дастархони мардум гардидаанд. Рушди бемайлони соҳаи ситруспарварӣ ҳамчун яке аз манбаъҳои даромад ва тақвияти иқтисодиёти мамлакат метавонад садди баландшавии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардида, ба таъсиси ҷойи нави кор ва таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ мусоидат кунад.
Каламондин намуде аз меваҳои ситрусӣ аст. Ҳарчанд каламондин зоҳиран ба афлесун монанд аст, аммо шаклан бисёр хурд буда, таъмаш низ аз афлесун фарқ дорад. Зеро афлесун ширину хуштамъ буда, каламондин туршу хӯрданаш душвор аст. Дар туршӣ аз лимӯ дида бартарият ва тамоми фасли сол ҳосил дорад. Дар як вақт дар ниҳоли мазкур ҳам гул, ҳам ғурраю ҳосили нимрасида ва ҳам меваи пухтарасидаро метавон мушоҳида кард.
Кумкват — меваест, ки ҳаҷман ба олуболу ва шаклан ба лимӯ монандӣ дорад, аммо таъми он ба мисли мандарин аст. Ранги меваҳои он норинҷист ва онро одатан бо пӯсташ истеъмол мекунанд. Ба иттилои мутахассиси меваҳои ситрусӣ, ниҳоли кумкват аз 2 то 5 метр баланд мешавад, вобаста ба ҳаҷм як ниҳол то ба 100 ё 1000 мева баста метавонад. Кумкват растании тропикиест, ки ба оилаи ситрусӣ мансуб мебошад. Ватани он манотиқи кӯҳсори Чин аст. Бештар онро давлатҳои Индонезия, Ҷопон, Юнон ва Иёлоти Муттаҳида Амрико содирот мекунанд. Он дорои бисёр витаминҳо, ба мисли A, C, E, B1-6, калий, вакалтсий, оҳан, магний, мис, натрий ва фосфор мебошад. Онро бештар барои бемориҳои зуком, меъда ва асабу афсурдаҳолӣ тавсия медиҳанд.
Афлесун дар таркиби худ то 88,6 фоиз об, 6,2-9 фоиз қанд, 1,4 фоиз ҷавҳар, 0,49 фоиз намакҳои маъданӣ, 0,47 клетчатка, 0,93 моддаҳои пектинӣ, витамини B1, В2, С, РР, В, Р дорад. Инчунин дар пӯсташ то 75,93 фоиз об, 7,96 фоиз қанд, 0,22 фоиз ҷавҳар, 0,67 фоиз намакҳои маъданӣ, 3,49 фоиз клетчатка, 4,74 фоиз моддаҳои пектинӣ, витамини С, РР, B1 ва В2 ва то 2 фоизи дигар равғани эфир дорад. Табибон мева ва афшураи онро ҳамчун воситаи иштиҳоовар, талхарон ва пасткунандаи фишори хун тавсия медиҳанд. Меваи афлесунро барои табобати атеросклероз, фарбеҳӣ ва бемориҳои ҷигар низ тавсия медиҳанд. Табибони халқӣ онро бо мақсади муолиҷаи захмҳои сироятёфта истифода менамоянд. Моддаҳои пектинии таркиби он фаъолияти рӯдаҳоро беҳтар намуда, барои пешгирии қабзият муфид аст.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳавопаймои хатсайри Душанбе–Минск бо маросими анъанавӣ истиқбол гирифта шуд
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид






