Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид

Декабрь 13, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Швейтсария дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони доимӣ ва коршиносони соҳаи об ҷамъ  омада, таҳаввулоти калидии марбут ба обро дар соли 2025 ва афзалиятҳои муштаракро барои соли 2026 баррасӣ карданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат  уҳдадории қавии кишварро ба амалҳои дастаҷамъона дар соҳаи мудирияти захираҳои об тасдиқ карда,  мушкилоти марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши камбуди об ва норасоии молиявии афзояндаро  ёдрас шуд.

Ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои асосии соли 2026 баргузоршаванда, аз ҷумла Конфронс дар Дакар дар моҳи январ, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк, 4-умин Конфронси оби Душанбе дар моҳи май, ҳамчун чорабинии муқаддамотии Конфронси оби СММ-2026 таъкид гардид. Илова бар ин, оид ба мизбонии Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон ишора шуда, иброз  гардид, ки ҳамаи ин чорабиниҳо имконияти муҳимро барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам меоранд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 13, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид