Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва Швейтсария дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин чорабинӣ намояндагони доимӣ ва коршиносони соҳаи об ҷамъ омада, таҳаввулоти калидии марбут ба обро дар соли 2025 ва афзалиятҳои муштаракро барои соли 2026 баррасӣ карданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат уҳдадории қавии кишварро ба амалҳои дастаҷамъона дар соҳаи мудирияти захираҳои об тасдиқ карда, мушкилоти марбут ба обшавии босуръати пиряхҳо, афзоиши камбуди об ва норасоии молиявии афзояндаро ёдрас шуд.
Ҳамчунин аҳаммияти чорабиниҳои асосии соли 2026 баргузоршаванда, аз ҷумла Конфронс дар Дакар дар моҳи январ, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк, 4-умин Конфронси оби Душанбе дар моҳи май, ҳамчун чорабинии муқаддамотии Конфронси оби СММ-2026 таъкид гардид. Илова бар ин, оид ба мизбонии Конфронси оби СММ-2028 дар Тоҷикистон ишора шуда, иброз гардид, ки ҳамаи ин чорабиниҳо имконияти муҳимро барои тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об фароҳам меоранд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд






