Дар Олмон ҳамкории Тоҷикистон бо Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов дар шаҳри Кемнитс бо роҳбари кафедраи низомҳои пешрафтаи қуввадиҳанда дар Донишгоҳи техникии Кемнитс, директори Институти тадқиқоти автомобилӣ ва раиси кластери «HZwo» оид ба гидроген ва элементҳои сӯзишворӣ Томас фон Унверт мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гидрогени «сабз», аз ҷумла бо такя ба иқтидори энергетикии мамлакат, инчунин дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо барои идомаи муколама ва баррасии шаклҳои амалии ҳамкорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






