Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад

Декабрь 13, 2025 10:04

ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд дар баробари гармхонаҳои маъмулӣ,  майдони гармхонаҳои инноватсионӣ зиёд мегардад.  Дар вилоят дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 500 гармхонаи хурду калон мавҷуд буда, дар фаслҳои зимистону баҳор манбаи  асосии таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки  кишту парвариши зироат дар шароити гармхона, имкон медиҳад, ки давоми фаслҳои зимистону баҳор талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг таъмин карда шавад.

Бунёд гардидани гармхонаҳои иноватсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Конибодом ва Исфара аз таҷрибаи самаровари хоҷагидорони вилоят ба ҳисоб рафта, бо амалӣ гардидани ин тадбир маълум шуд, ки истифодаи технологияи муосир дар шароити гармхона боиси фаровонҳосилӣ мегардад.

Ҳамзамон дар вилояти Суғд,  сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ гармхонаҳои хурду миёна бунёд намуда, бо истифода аз роҳу усулҳои пешрафта ва таҷрибаи озмудашудаи деҳқонони номдор зироати гуногуни кишоварзиро кишту парвариш менамоянд.

Дар вилоят сокинони деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов, Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҷрибаи шоистаи истифодаи замини наздиҳавлигӣ доранд. Аксари сокинони деҳоти номбаршуда дар фаслҳои зимистону баҳор парвариши сабзавот ва кабудиҳоро дар шароити гармхона ба роҳ монда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Ба таъкиди кишоварзон, дар оянда низ раванди парвариши сабзавот ва дигар намуди зироат дар гармхонаҳо тақвият бахшида мешавад ва хоҷагидорон бо истеҳсоли маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми арзанда мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 13, 2025 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд