Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид

Декабрь 1, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки варзишгарони минтақаҳои гуногуни мамлакат мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқа бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи велосипедронӣ дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара ташкил карда шуд.

Масъулон иброз намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба ташвиқи тарзи ҳаёти солим, тақвияти тарбияи ҷисмонӣ, боло бурдани шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш ва муайянсозии варзишгарони боистеъдод мусоидат мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди инфрасохтори варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон ва оммавӣ гардонидани намудҳои гуногуни варзиш таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Дар мусобиқа дастаҳо аз вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, инчунин дӯстдорони ин навъи варзиш аз ноҳияи Данғара иштирок намуда, маҳорати худро дар ин намуди варзиш санҷиданд.

Дар анҷоми мусобиқа ғолибон бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 1, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад