Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Теҳрон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳдӣ Субҳонӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, зимни мулоқот аз рушду тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Эрон ибрози қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон зарурати татбиқи тавофуқҳои қаблан ҳосилшуда байни ду ҷониб таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тавсеаи ҳамкории судманд байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат ва баргузор намудани нишастҳо дар мавзуоти мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






