Дар Тоҷикистон кадом навъи бемории зуком хуруҷ намудааст?
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани мавсими сардӣ ва тағйир ёфтани обу ҳаво бемориҳои шадиди роҳҳои нафас авҷ гирифта, теъдоди гирифторони он меафзояд. Яке аз чунин бемориҳо зуком мебошад, ки имрӯз сокинони зиёди гуногунсоли мамлакат ба он гирифтор шудаанд. Ин кадом навъи бемории зуком мебошад, барои пешгирӣ ва табобати он чӣ бояд кард? Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров ба АМИТ «Ховар» бемориро шарҳ дод.
— Дар Тоҷикистон ду навъи зуком: ҳам зукоми «хук» (H1N1) ва ҳам «Ҳонконг» (H3N2) хуруҷ намудааст. Зукоми хук аз соли 2009 ва «Ҳонконг» аз соли 1968 фаъол мебошанд, ки имрӯз сокинони мамлакат ба он гирифтор мебошанд,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Наврӯз Ҷаъфаров иброз дошт, ки ин ду навъи бемории зуком дар мамлакат нав нест. Аслан штамми H3N2 – вируси гурӯҳи «А» буда, ҳанӯз аз соли 1968, замоне, ки «Ҳонконг» бори аввал сабт шуд, вуҷуд дорад ва дар давлатҳои осиёӣ рушд мекунад.
Тибқи мушоҳидаҳо, сокинон аз гирифтор шудан ба бемории зукоме, ки нишонаҳояшон монанд аст, шикоят мекунанд. Инчунин ба маълумоти сокинони ҷумҳурӣ, агар як узви хонавода ба ин навъи зуком гирифтор шавад, дар муддати кӯтоҳ тамоми аъзои оила ба он гирифтор мешаванд.
Наврӯз Ҷафаров мегӯяд, ки тамоми бемориҳои роҳҳои нафас ва зуком нишона ё оризаҳои монанд доранд: таби баланд, дарди гулӯ, сулфаи хушк, қайкунӣ, дарунравӣ ва қабзият (сахт шудани шикам). Зимни ин навъҳои зуком ҳар узверо, ки вирус ҳадаф гирифт, ҳамон ҷо ба дард меояд.
Авҷи бемории зукоми «Ҳонконг» дар мамлакат маротибаи аввал аст?
Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки ин навъи зуком ҳамеша буд. Аммо солҳои пеш одамон онро сабуктар мегузарониданд. Хусусияти ин зуком он аст, ки ҳар сол таркиби генетикиашро иваз мекунад. Баъди пандемияи соли 2019 тамоми зукомҳои гурӯҳҳои «А», аз ҷумла «хук» (H1N1), «Ҳонконг» (H3N2) ва «Б» (самтҳои «Ямагата» ва «Виктория») нест шуданд. Аммо дар давлатҳои Осиё боқӣ монданд. Соли 2022 ин навъи вирусҳо бо шакл ва нишонаҳои дигар авҷ гирифтанд, ки аз солҳои 2018-2019 фарқ мекарданд.
«Бо фаро расидани бемориҳои мавсимӣ ин навъи вирусҳо нишонаҳояшонро тағйир медиҳанд. Инчунин мавсимҳо дар минтақаҳо фарқ мекунанд, агар дар Осиёи Марказӣ як мавсим аст, дар Осиёи Шарқӣ ё Ғарбӣ мавсими дигар аст, аз ин хотир зукомҳо дар шароити ба худ мувофиқ хуруҷ мекунанд.
Зукомро бояд чӣ гуна пешгирӣ ва муолиҷа кард?
Дар мавриди табобати ин беморӣ Наврӯз Ҷаъфаров тавсия медиҳад, ки шахси бемор бояд чаҳор рӯз дар хона бистарӣ шавад. Инчунин бештар обу чой ё моеъи гарм, лимӯ ва хӯрокҳои сабук истеъмол намояд.
Тавсия дода мешавад, ки ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бояд бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард кард. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан мебошад. Истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш кард. Қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне шустани даст ва худдорӣ аз ҷойҳои серодамро низ бояд риоя кард.
Ҳангоми ба зуком мубтало шудан бояд, пеш аз ҳама, бо мутахассисони соҳа ва духтурони оилавӣ машварат кард. Ҳеҷ гоҳ бо тавсияи нафари дигар набояд дору истеъмол кард. Имрӯз доруҳои гуногун зиёд шудаанду ҳар кадоми он интихоби фардӣ дорад. Агар як нафар бо як навъи дору сиҳат шавад, ба нафари дигар он баръакс, таъсири манфӣ мерасонад. Ба нафарони бемор тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, бистарӣ бошанд. Нишонаҳои зуком дар се рӯз равшан мешаванд. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар гузашта, метавонад боиси илтиҳоби шуш гардад. Бемор беҳтараш бистарӣ гашта, духтурро ба хона даъват кунад, то омили паҳншавии беморӣ нагардад. Дар ин ҳолат 1 фоизи муайяни эҳтимоли паҳн шудани сироят аз байн меравад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон аз 16 январ ҳарорати ҳаво паст мешавад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст






