Дар Тоҷикистон нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид

Декабрь 28, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 28.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  чунин иброз намуданд: «аҳолии мамлакат аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расид».

Дарозумрии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳсолаҳои қаблӣ боло рафтааст.  Ба таҳлили коршиносон, омили дарозумрии инсонҳо беҳбуди шароити зиндагӣ, таъмини иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, бахусус ба пиронсолон мебошад.

Тавре аз Раёсати назорати нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар Тоҷикистон то моҳи июли соли 2025 шумораи аҳолии аз 100-сола боло 415 нафарро ташкил медод. Дарозумртарин нафарон дар мамлакат сокини ноҳияи Дарвоз Марзиямоҳ Ибодоваи 120-сола (соли таваллудаш 1905) ва сокини ноҳияи Данғара Гулракат Назароваи 117-сола (соли таваллудаш 1908) мебошанд.

Тибқи пажӯҳишҳои Созмони Милали Муттаҳид, сабабҳои зиёд шудани умри инсон рушди иқтисодӣ, кам шудани фавти кӯдакон, кам шудани фавт дар байни аҳолии қобили меҳнат, коҳиш ёфтани истеъмоли машрубот ва тамоку, «инқилоби дилу рагҳо» (муборизаи муваффақона бар зидди бемориҳои дил ва рагҳои хунгард, аз ҷумла инсулт); кам гаштани шумораи куштор ва худкушӣ мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои судманд меандешад. Дар айни замон дар мамлакат «Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки омили дарозумрии инсонҳо кам гардидани камбизоатӣ ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат мебошад

Тавре иттилоъ дода шуд, дар Тоҷикистон ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш меёбад. Инчунин сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ пайваста барномаҳои соҳавиро амалӣ менамояд. Инчунин бо дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола музди меҳнат, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ зиёд мегардад.

Президенти Тоҷикистон  дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад,

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад,

– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.

Мутахассисони соҳаи тиб чунин меҳисобанд, ки омилҳои асосии дарозумрӣ тарзи ҳаёти солим (хӯрок, варзиш, асабонияти камтар), фаъолияти хуби меъдаю рӯдаҳо (микрофлора), генетика, муҳити зист, парҳез ва парвариши парҳезӣ мебошанд, ки дар маҷмуъ ба зиндагии дароз ва солим мусоидат мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд