Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба масоили марбут ба амнияти давлат ҷаласа доир шуд

Декабрь 26, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 26.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон    бо иштироки роҳбарон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаласа доир шуд.

Тавре аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа тибқи дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба амнияти давлат ва баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат таҳқиқу баррасӣ гардиданд.

Ҳифзи амнияту суботи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, таҳкими ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар самти ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ, машғулияти омодагии сафарбарӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои моддӣ-техникӣ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа буданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Декабрь 26, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд