Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии вилояти Суғд ба фасли зимистон баррасӣ гардид

Декабрь 3, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026» баргузор гардид.

Тавре аз ин вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласа таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ситоди ҷумҳуриявӣ Усмоналӣ Усмонзода баргузор гардид. Дар он сатҳи омодагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ба фасли зимистон баррасӣ карда шуд.

Иброз шуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Дар ин замина гурӯҳи корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолати иҷрои ин қарор ва сатҳи омодагии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоятро ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025–2026 мавриди омӯзиш қарор дода, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ гузориш пешниҳод намуд.

Зимни ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳисобот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон масъалаҳо оид ба маблағгузорӣ барои хариду захираи маводи сӯхт, захираи маводи озуқаворӣ ва зиддилағжиш, омодагии иншооти энергетикӣ ва дигар бахшҳои муҳими зимистонгузаронӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар самти мушкилию камбудиҳои ҷойдошта ба вазорату идораҳои дахлдор ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дода шуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 3, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид