ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз шинонида мешавад

Декабрь 23, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шинонидани 32 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз, 345 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ ва доимӣ, инчунин дар 9 ҳазор метри мураббаъ майсазоркунӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

То имрӯз дар ноҳия беш аз 7 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва 15 ҳазор дона гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Ин амал ба боз ҳам зебо гардидани симои ноҳия, сарсабз шудани муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки 20 декабр дар ноҳия дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Мақсади ин иқдоми муҳими экологӣ аз беҳтар намудани вазъи муҳити зист, коҳиш додани таъсири омилҳои манфии экологӣ, зебо гардонидани симои ноҳия ва фароҳам овардани муҳити солими зиндагӣ барои сокинон иборат буд.

Ҳамзамон дар канори роҳҳои автомобилгард, маҳаллаҳои аҳолинишин ва қитъаҳои муайяншуда ниҳолҳои гуногуни дарахтони сояафкану ҳамешасабз шинонида шуданд. Чунин иқдом дар баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ҳисси масъулиятшиносӣ ва зебоипарастии сокинонро нисбат ба муҳити зист тақвият мебахшад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Декабрь 23, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд