Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад

Декабрь 23, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба дар заминаи омодасозии дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ, ки охири соли 2026 дар Ҷопон баргузор мегарданд, Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Манучеҳр Каримзода дар Ҷопон бо Президенти Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Ҷопон Такамаса Ватанабе вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо масъалаҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон, табодули таҷриба ва истифодаи инфрасохтори варзишии Ҷопонро барои омодагии дастаи тоҷик мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни вохӯрӣ мувофиқа гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ мураббиён ва варзишгарони тоҷик ба ҷамъомадҳои таълимӣ ва варзишӣ дар Ҷопон ҷалб карда мешаванд. Ин иқдом ба омодагии босифат ва рақобатпазири дастаи миллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин Такамаса Ватанабе барои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2026 изҳори омодагӣ намуд. Ин сафар метавонад марҳилаи нави ҳамкории амалӣ дар остонаи Бозиҳои Осиёӣ гардида, ба таҳкими робитаҳои варзишии ду давлат мусоидат намояд.

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон ин вохӯриро қадами муҳим дар роҳи омодагии ҳамаҷонибаи дастаи миллӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёии 2026, инчунин рушди устувори ҷиу-ҷитсу дар мамлакат арзёбӣ менамояд.

АКС: Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон

Декабрь 23, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад