Дастаи «Сипар» ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футзал гардид
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд Ҷоми Тоҷикистон-2025-ро оид ба футзал ба даст овард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар финал, ки 10 декабр дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, дастаи «Сипар» дастаи «Соро компания»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Голҳои «Сипар»-ро Леонардо Корреа Леме, Виера Де Са Фелипе ва Агналдо Эдуардо заданд.
Виера Де Са Фелипе аз «Сипар» беҳтарин бозигари бозии ниҳоӣ дониста шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






