Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15-16 декабр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Олимпиадаи XVII авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ баргузор гардид. Дар он аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон- хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе иштирок намуда, соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Дар ин сабқати илмию зеҳнӣ 3 хонандаи литсей, аз ҷумла Муҳаммад Насруллоев, Саъдӣ Ғафуров ва Муҳаммадсамир Убайдов ба гирифтани мақоми сеюм ва медалҳои биринҷӣ ноил гардиданд.
Дар олимпиада 250 даста бо фарогирии 750 хонанда аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуд.
Ёдовар мешавем, ки дастоварди навбатии хонандагони муассиса дар Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ нишони таваҷҷуҳи пайваста, фароҳам овардани имконияти моддию-техникӣ ва дастгирии хонандагони боистеъдоду болаёқат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
АКС: Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе











Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






