Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд

Декабрь 5, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди коррупсия (9 декабр) ва Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (10 декабр) дар мавзуи «Пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ҳамчун воситаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини амнияти миллӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳал» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти қонунгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқ, олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ аз Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Шветсия, Федератсияи Русия ва намояндагони ташкилоти байналмилалӣ масъалаҳои мухталифи ҳуқуқи инсон, роҳҳои муқовимат ба коррупсия ва таъмини амнияти миллиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ яке аз василаҳои асосии таъмини ҳуқуқи инсон ва таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини касби Истиқлоли давлатӣ барои эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муҳим андешида шудаанд. Дар ин самт санадҳои қонунгузорӣ ташаккул ёфта, барнома ва стратегияҳои миллии муқовимат ба коррупсия, ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи аҳолӣ қабул гардидаанд.

Дар кори конференсия, ки  дар чор бахш идома ёфт, зиёда аз 90 маъруза пешниҳод гардид. Маърузаҳои баррасишуда фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, маданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 5, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид