Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Гулистони Эрон Алиасғари Таҳмосбӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд, дар мулоқот Алиасғари Таҳмосбӣ бо ишора ба зарфияти иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангии вилояти Гулистон омодагии ҷониби эрониро барои ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои алоҳидаи он иброз намуд. Дар ин самт баргузории намоишгоҳҳои молу коло ва нишастҳои фаъолони иқтисодии ду ҷониб муҳим арзёбӣ гардид.
Раиси вилояти Гулистон ҳамчунин барои иштироки ҳайати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 17-ум Ҷашнвораи фарҳанги ақвоми Эронзамин, ки аз бузургтарин ҷашнвораҳои фарҳангии Эрон буда, имсол аз 16 то 19 декабр дар маркази вилоят – шаҳри Гургон баргузор гардид, изҳори сипос намуд. Таъкид гардид, ки барномаи фарҳангии Тоҷикистон мавриди писанд ва истиқболи гарми иштироккунандагони ҷашнвора қарор гирифт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






