«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

Декабрь 11, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре қаблан иттилоъ додем, 10 декабр  зимни иҷлосияи 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри  Деҳлии Нав номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.

Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдулфаттоҳ Аминзода  иброз намуд, ки  номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фарҳанги суманакпазӣ» соли 2019 аз ҷониби олимони пажӯҳишгоҳ пурра  омӯхта, ба Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО пешниҳод гардид. Сипас соли 2021 он дубора коркард гардид. Ин номинатсияи миллӣ аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳияву такмил ва аз ҷиҳати техникӣ омӯхта, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  номинатсияи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии ин созмон пешниҳод шуда буд.

Абдулфаттоҳ Аминзода иброз намуд, ки суманакпазӣ як анъанаи хубест, ки инсонҳоро сарҷамъ карда, зимни омода намудани он шодию хурсандӣ ва нияту ормони нек мекунанд. Дар минтақаҳои гуногуни мамлакат суманак бо тарзу усул ва навъҳои гуногун омода мегардад.

Тавре профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мардумшинос Равшан Раҳмонӣ иброз медорад, суманак аз замонҳои бостон то имрӯз як навъ ғизои ҳаётбахш буда, аз донаҳои гандуми  сабзида пухта мешавад. Дар гузаштаҳо барои пухтани суманак ҳамчун рамзи покизагӣ аз оби борон истифода менамуданд.

«Суманак рамзи назру ниёз ба пешвози баҳор, Наврӯзу  соли нав аст. Ҳангоми пухтани он занону модарон таманно менамоянд, ки соли нав бофайзу баракат шавад. Дар чунин ҳолат суманак намоди фаровонӣ ва бурдбории зиндагии ояндаи инсон аст. Пухтани суманак вақти зиёдро мегирад, занону духтарон онро дастҷамъона мепазанд, ки ин як навъ таҳаммулу сабру бардошти одамиро ифода менамояд. Суманакпазӣ аз омода кардан то тақсим намудан тақрибан як шабонарӯзро дар бар мегирад. Баъзеҳо суманакро ба муддати 10-15 соат мепазанд. Тӯлонӣ будани суманакпазӣ чунин рамз дорад, ки одамон дар соли нави оянда дар иҷрои ҳама корҳо бо сабру таҳаммул бошанд ва ҳамчунин ҳар мушкилоти зиндагиро бо тавоноӣ ва шодмонӣ бартараф намоянд», — мегӯяд Равшан Раҳмонӣ.

Тавре дар суҳбат бо мо ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мумина Шовалиева иброз дошт, суманак як навъ ғизои  маъруфи  гиёҳии  наврӯзист, ки  аз оби гандуми сабзонида ва сабзаи он таҳия  карда мешавад. Суманакро  ғизои  «мардофарин» низ медонанд, зеро он нишону намоди  тамаддуни  зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқиминишинӣ, ба даст  овардани  маҳсулоти хӯшаӣ ва аломати қудрату нерумандист. Ҳамон тавре ки  шир  ашрафи  лабаниёт (моеъот), биринҷ — ашрафи донаҳо шинохта шуда, ширбиринҷ хӯроки малакутӣ ба шумор меравад, гандум ашрафи зироати  хӯшадор (ғалладона)  маҳсуб мешавад. Хӯрдани суманак ба шахс нерую тавон мебахшад ва аз лиҳози  тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду  судманд мебошад. Ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд. Нақароти суруди маъруфи суманакпазӣ, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯз бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, чунин аст:

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват мекарданд, рақсу бозӣ мекарданд, духтарон ҳойпарӣ ва бачаҳо  гӯштингирӣ менамуданд.

Мумина Шовалиева иброз дошт, ки дар Тоҷикистон чор навъ суманак омода мекунанд: аввал суманаке, ки  дастҷамъона омода карда мешавад, махсусан дар рӯзи Наврӯз.

Суманаки дегчагӣ, ки онро бештар меҷӯшонанд ва ба монанди ҳалво омода мекунанд. Пасон онро дар лаълӣ гирифта,  баъде, ки мисли ҳалво сахт шуд,  реза мекунанд. Он бештар дар ноҳияи Шаҳритус ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон омода карда мешавад.

Суманаки нонӣ, ки  ба оби омодагаштаи сабза орд ҳамроҳ намуда, кулча омода мекунанд. Онро асосан дар танӯр, ба болои лаълиҳои оҳанин гузошта, дар болои лахчаи оташ мепазанд.

Суманаки хурмагӣ, ки бештар дар ноҳияҳои Тоҷикободу Нуробод ва ноҳияҳои кӯҳистон омода мегардад. Шираи суманакро дар хурма (як навъ зарфи сафолӣ) андохта, онро  дар таги хокистари оташ як шабонарӯз нигоҳ медоранд.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 11, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
Иқтидори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳамбастагӣ бо халқ аст!
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ! Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои истифодаи онро риоя намоед
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — АМАЛИСОЗАНДАИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ. Аз таъсиси он 31 сол сипарӣ гардид
Мактаби сиёсии Пешвои миллат дар заминаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Беш аз 80 фоизи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология амалӣ гардидааст. Эҳдо ба Рӯзи геологҳои Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. Маҳз онҳо ояндаи энергетика, саноат, металлургия, сохтмон, ҳатто амнияти иқтисодиро пешакӣ муайян менамоянд
САДОИ ҚАЛБИ ҲАМСАФОНИ БУРУНМАРЗӢ. Ба Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида мешавад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
Омили объективии норасоии неруи барқ ва зарурати дарку таҳаммулпазирӣ. Андешаҳо дар ин маврид