ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд

Март 2, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Гулҳои Ватан шукуфта болои чакан» бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва донишҷӯён ҳамоиши маърифатӣ – фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз академия хабар доданд.

Саҳни академия ва толорҳои он бо ороиши идона зиннат ёфта, намунаҳои нодири ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои миллӣ, ки бозгӯи фарҳанги ғании ниёгони тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд. Меҳмонон бо гӯшаҳои ҳунарҳои мардумӣ, бахусус намоиши матоъҳо ва либосҳои чакан шинос шуда, ба маҳорати ҳунармандон баҳои баланд доданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода иброз дошт, ки баргузории чунин ҳамоишҳо дар фазои илму фарҳанг ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ ва муаррифии зебоии фарҳанги тоҷикӣ аҳамияти вижа дорад. Таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик саршор аз саҳмгузорӣ дар рушди илму адаб, фалсафа, меъморӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад.

«Чакан на танҳо як намуди ҳунари мардумӣ, балки рамзи ҳувият, зебоӣ ва ҷаҳонбинии тоҷикон аст. Нақшу нигори рангоранги он, гулҳои зебову рамзии офаридашуда ва таркиби хоси ороишот бозгӯи ормонҳо, ҷаҳонбинӣ ва муносибати аҷдодони мо ба табиат, зиндагӣ ва зебоӣ мебошанд», — гуфт ректори академия.

Иштирокдорони ҷамъомад аз ташаббусҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фарҳанги миллӣ ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки санъати чакандӯзӣ ва зардӯзии тоҷикӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид гардидааст. Ин эътирофи байналмилалӣ боиси ифтихори миллӣ буда, ҳамзамон масъулияти моро барои ҳифз, омӯзиш ва густариши ин мероси гаронбаҳо бештар мегардонад.

Занони тоҷик давоми таърих на танҳо посдори оила ва ҷомеа, балки ҳомии фарҳанг, тарбиятгар ва интиқолдиҳандаи суннатҳои миллӣ будаанд. Маҳз бо талоши онҳо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ то имрӯз ҳифз гардида, аз насл ба насл гузаштааст.

Чакани тоҷик ва дигар анъанаҳои миллӣ минбаъд низ рушд намуда, бо зебоӣ ва маънавиёти ғанӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст