«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 01.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии тарғиботӣ-ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида мешавад. Шуруъ аз имрӯз, 1 март дар саросари мамлакат ин иқдом оғоз гардида, то 31 май идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Сардори Раёсати кор бо оилаи Кумитаи кор бо занон ва оила Сабоҳат Рустам зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ин иқдом ҳамасола дар фасли баҳор- дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пеш гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ занону гулдухтарон бо либосҳои миллӣ ба сайру гашт баромада, ба шаҳрвандон ва меҳмонон либосҳои тоҷикиро муаррифӣ менамоянд.
«Яке аз ҳадафҳои дигари баргузор намудани иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» ҷалб намудани тарроҳону чеварон ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад. Имрӯз, ки ҳифз ва нигоҳдошти либоси миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ба воситаи ин гуна чорабиниҳои дохилию байналмилалӣ мо метавонем либоси миллиамонро муаррифӣ намоем. Мушоҳидаи ин гуна чорабиниҳо нишон медиҳад, ки аксари тарроҳон ва чеварон аллакай дарк намудаанд, ки дар замони имрӯз либосҳои миллиро бо кадом тарҳ бояд пешниҳод кард. Онҳо либосҳоеро пешниҳоди омма мегардонанд, ки воқеан ҳам бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба хусусияти хоси либоси миллии мардуми тоҷик аст», – изҳор намуд Сабоҳат Рустам.
Мавсуф илова кард, ки «либоси миллӣ симои зани тоҷикро бо иффат, латофат ва зебоӣ оро дода, он ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги миллӣ боқӣ мондааст. Занону духтарон ҳамчун нигоҳдоранда, ҳифзкунанда ва интиқолдиҳандаи суннату анъана, фарҳанг ва забон дар пойдории арзишҳои миллӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала пайваста ба занҳо такя менамоянд ва онҳоро посдорандаи расму оинҳои миллӣ меноманд».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста хотиррасон менамоянд, ки ба либоси миллӣ, ки онро дар шебу фарози таърих гузаштагонамон ба мо мерос гузоштаанд, эҳтиром гузорем.
Тавре Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳо таъкид намуданд, «моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар байни занону духтарон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар воқеъ имрӯз, дар шароити ҷаҳонишавӣ хатаре вуҷуд дорад, ки бар асари тақлид ба фарҳангҳои бегона баъзе унсурҳои асили либоспӯшии миллӣ тадриҷан аз зиндагии рӯзмарра дур мешаванд. Занону духтарон ҳамчун нигаҳдорандаи анъанаҳои хонаводагӣ ва фарҳангӣ дар ин раванд нақши калидӣ доранд. Интихоби либоси муносиб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ нишонаи худшиносӣ ва ифтихор аз фарҳанги миллиамон аст.
Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 бо эътимоди комил иброз намуданд, ки занону духтарон дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастию хурофот ва исрофкорию зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар занону ҷавондухтаронро даъват намуданд, ки «либосҳои зебову шинами миллии худамонро, ки дар ҳама давру замонҳо зинатбахши занону модарони тоҷик буданд ва ифодакунандаи ҳайсияту иффати онҳо маҳсуб мешуданд, тарк накунед. Бахусус, дар фасли баҳор, аз ҳамин рӯзҳо сар карда, хурду бузург либоси миллӣ ба бар кунед ва ифтихор дошта бошед, ки атласу адрас ва чакани тоҷикии мо ҷаҳонӣ шудааст».
Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ҳамасола, хусусан дар фасли баҳор дар кӯчаҳои пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ занону духтарон либоси миллӣ ба бар менамоянд, ки ин метавонад дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намояд. Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
ЁДИ ШОИР. Дар Ҳисор ба ифтихори 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ доир шуд
7 МАЙ — РӮЗИ ТЕЛЕВИЗИОН, РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА. Рушди соҳаи иттилоот ва алоқа дар Тоҷикистон ба рақамикунонии миллӣ равона гардидааст
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
«ХУТТАЛИ ҚАДИМ…». Ба муносибати 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҷмуаи илмӣ аз чоп баромад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид
Роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ дар Рим осорхонаҳои Капитолиниро тамошо намуданд
Китоби «Арзёбии метеорологию экологии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим» ба нашр расид
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Устод Айнӣ дар ин асар ориёӣ будани халқи тоҷикро собит намудааст
ВАССОФИ ВАТАН. Бахшида ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода маҳфили адабӣ баргузор мешавад






