ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) 22 декабр раддабандии ниҳоии дастаҳои миллии футболро барои соли 2025 нашр кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, тибқи рӯйхати навшуда дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо 1224.93 хол дар ҷойи 101-ум қарор дорад.
Дар байни дастаҳои мунтахаби миллии аъзои Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 17-ум аст. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 дастаи мо мавқеи худро беҳтар карда, аз ҷойи 104-ум боло баромад.
Соли 2025 дастаи миллии Тоҷикистон 10 бозӣ анҷом дод, ки аз шаш ғалаба, ду мусовӣ ва ду бохт иборат аст. Пирӯзиҳо бар Тимори Шарқӣ (1:0, 5:0), Камбоҷа (2:1), Афғонистон (2:0) ва Малдив (2:0, 3:0) ба даст оварда шуданд. Мусовиҳо бо Филиппин (2:2) ва Эрон (2:2) сабт шуданд. Дастаи мо дар рақобатҳо бо Беларус (0:5) ва Ҳиндустон (1:2) ба бохт дучор шуд.
Дастаи миллии Тоҷикистон бозии расмии навбатиро 31 марти соли 2026 дар Ҳисор анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи яккачини Филиппин баргузор мегирад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






