Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр оид ба амалӣ гардидани «Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, «Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» тибқи Карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 ноябри соли 2024 қабул гардид.
Таъкид гардид, ки вазифаҳои асосии барнома, ки дар асоси талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия карда шудаанд, аз муҳайё намудани заминаи асосии рушди устувори механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар маҷмуъ рушди ин соҳаи мамлакат иборат мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки 29 ноябри соли 2024 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он «Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар барнома роҳҳои механиконии чорабиниҳои агротехникии парвариши растаниҳо ва чорводории муосири кишоварзӣ, аз ҷумла тавассути инноватсия ва истифодаи техникаи муштараки кишоварзӣ, ки метавонанд якчанд амалиёти технологиро дар як вақт иҷро карда, мушкилоти соҳаро ҳал намоянд, нишон дода шудаанд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома ва ба ин восита афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Барнома дар асоси талаботи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия гардида, инъикоскунандаи дурнамои умумии истифодаи техника ва механизмҳои кишоварзии муосир (инноватсионӣ) бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи рушди устувори дарозмуддати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, ба таври назаррас паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои асосӣ — таъмини амнияти ғизоӣ мебошад.
Татбиқи барнома барои рушди устувори соҳаи механиконии кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои кишоварзии мамлакат заминаи асосӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Бангкок мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз баргузор шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион занон дар деҳот зиндагӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КИШОВАРЗОН. Ин соҳа зиёда аз 61 фоизи аҳолиро бо ҷойи кор фаро гирифтааст
Дар доираи Форуми тиҷоратии «New Silk Way» роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон вохӯрӣ намуданд
Мораторий ба санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна то 1 январи соли 2029 тамдид карда мешавад
Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад






