Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид

Декабрь 7, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 07.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш 90 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне аз об истеҳсол мегардад. Имсол, махсусан дар фасли тирамоҳ таъсири омилҳои табиӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, камборишӣ, коҳиши резиши об дар дарёҳо ва пастшавии сатҳи оби обанборҳои неругоҳҳои барқи обӣ ба раванди истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат таъсири ҷиддӣ расонид.

Тавре корманди Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмуд Мирзоён ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, рушди соҳаи энергетика яке аз самтҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз солҳои 2000 инҷониб ба рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ дода мешавад. Сол то сол тағйирёбии иқлим ба истеҳсоли неруи барқ таъсир мерасонад. Тағйирёбии иқлим имрӯз ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтааст, ки пайомадҳои он ба муҳити зист, соҳаи энергетика ва кишоварзӣ низ таъсир мерасонанд.

Ба таҳлили коршиносон, дар Тоҷикистон оби дарёҳои кӯҳӣ манбаи асосии истеҳсоли неруи барқ мебошад. Истеҳсоли барқ ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста буда, имконияти амалии пешгӯии онҳо хеле душвор аст. Бо фарорасии мавсими тирамоҳу зимистон ва бар асари камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш, инчунин сол ба сол зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат норасоии мавсимии неруи барқ ба миён меояд. Ин ҳолат амалӣ намудани тадбирҳои иловагиро дар самти истифодаи сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ тақозо менамояд.

Имсол дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон камборишӣ- наборидани борону барф ба қайд гирифта шуд. Бориши борону барф дар фасли тирамоҳу зимистон ба захираи об дар неругоҳҳои барқӣ ва таъмини намӣ дар заминҳои  кишоварзӣ мусоидат мекунад.

Коршиносон омили асосии камбориширо дар баъзе давлатҳои олам, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар ҷаҳон давоми чанд даҳсолаи охир ба андозаи 1,2 дараҷа баланд гардидааст.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO), дар айни замон дар Осиё ҳаво тақрибан ду баробар зудтар гарм мешавад, ки ин боиси афзоиши ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ва хисороти вазнин ба иқтисодиёт, экосистемаҳо ва сокинони минтақа мегардад. Дар Аврупо низ ҳамин гуна ҳолат ба назар мерасад. Ба иттилои ин созмон, соли 2024 дар Аврупо ҳамчун гармтарин соли рекордӣ ба қайд гирифта шуда, дар минтақаҳои марказӣ, шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ҳарорати баланд ба мушоҳида расид. Бар асари он тақрибан 335 нафар ҳалок шуда, 413 000 нафар таъсири ҷиддӣ диданд.

Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2025 дар таърихи мушоҳидаҳо дар дунё соли гармтарин гардид. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 майи соли 2025 зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун аъзои ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «соли равон буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодию тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба татбиқи боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли асосии неруи барқ аз нерегоҳҳои барқи обӣ сарчашма гирифта, ҳаҷми истеҳсол ва дурнамои он ба резиши оби дарёҳо алоқаманд мебошад. Дар навбати худ дар шароити имрӯза резиши оби дарёҳо, пур шудани обанборҳо ва резиши обро пешгӯйӣ кардан хеле душвор мебошад.  Истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон аз табиат сахт вобаста аст. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак», ки истеҳсолкунандаи асосии барқ дар мамлакат мебошад,  захираи об 3,5 метр кам гардидааст.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон, резиши об дар маҷрои дарёи Вахш дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна аз 2 ҳазор то 2200 метри мукааб об дар як сония ва дар фасли зимистон ба 150-200 метри мукааб дар як сония баробар аст. Барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи  обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» истифода бурда мешавад. 80 фисади оби дарёи Вахш аз пиряхҳо ва 20 фоиз аз чашмаҳо вобастагӣ дорад. Ба ҳисоби миёна, имсол воридшавии об нисбат ба моҳҳои октябр ва ноябри соли 2024  80 метри мекааб дар як сония кам шудааст. Яъне, дар ҳамин шабу рӯз сатҳи оби обанбори «Норак», воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон зиёда аз 3,5 метр паст фаромадааст.

Дар фасли тобистон, ки маҷрои об зиёд аст, обанбор барои захира пур карда мешавад. Имсол обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак» то нуқтаи ниҳоӣ- 910 метр пур карда шуд. Вале аз сабаби камборишӣ дар рӯдхонаи Вахш маҷрои он кам шуда, аз захираи об ва ҳам маҷрои он истифода карда мешавад. Камобӣ ба низоми энергетикии Тоҷикистон таъсир мерасонад ва коҳиш ёфтани об боиси коҳиши истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурӣ мегардад.

Ба андешаи коршиносон, барои раҳоӣ аз норасоии неруи барқ ду омил вуҷуд дорад. Яке- афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, яъне сохтмони неругоҳҳои нави барқӣ ва дигар- зиёд намудани манбаъҳои истеҳсоли энергия ва кам кардани истифода ё сарфакоронаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва гармӣ мебошад. Ҳар яки мо метавонем бо риояи қоидаҳои одӣ, аз қабили хомӯш кардани чароғҳо ҳангоми баромадан аз хона, истифодаи лампаҳои каммасраф, ҷудо кардани дастгоҳҳои барқӣ аз шабака ҳангоми истифода нашудан ва харидани таҷҳизоти каммасраф дар сарфаи неруи барқ саҳм гузорем. Сарфаи неруи барқ на танҳо зарурати иқтисодӣ ва экологӣ, балки вазифаи ахлоқии ҳар яки мо мебошад. Бо сарфаи неруи барқ мо дар рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини ояндаи устувори наслҳои оянда саҳм мегузорем.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мавсими мувофиқ барои шинонидани гули садбарг моҳҳои январ-феврал аст
Соли 2026 кишоварзони Тоҷикистон дар 26 062 гектар зироати равғандиҳанда кишт менамоянд
ПАХТАКОРӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон дар чанд гектар пунбадона кишт карда мешавад?
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ҳифз ва рушди мероси таърихию фарҳангӣ нақши намоён дорад
ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Натиҷаҳои соли 2025 ва марҳилаи нави рушд барои соли 2026
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бемории санги гурда дар фасли зимистон авҷ мегирад
Соли 2026 дар Тоҷикистон дар беш аз 15 ҳазор гектар пиёз кишт карда мешавад
Воқеияти Тоҷикистон: меъмории марҳилаи нав ва стратегияи рушди миллӣ
СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба афзалият, дастовардҳо ва дурнамои он
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
СОҲАИ ПАХТАКОРӢ МУНОСИБАТИ ҶИДДӢ ТАЛАБ МЕКУНАД. Он ба амнияти озуқаворӣ, рушди саноати сабук ва афзоиши содирот вобаста аст
Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид