ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони ноҳияи Ёвон заминҳои наздиҳавлигиро оқилона истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сокини ноҳияи Ёвон Ҳасан Абдукаримов дар замини наздиҳавлигии худ асосан пиёзи барвақтӣ, сирпиёз ва карам парвариш менамояд. Ӯ инчунин бо ташкил намудани гармхона ба парвариши лимӯ ва дигар сабзавот низ машғул мебошад. Истифодаи усулҳои муосири агротехникӣ, нигоҳубини хуб ва меҳнати софдилона боис гардидааст, ки ин хонавода пурра бо маҳсулоти тару тозаи худӣ таъмин гардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иброз доштанд, оилаи Ҳасан Абдукаримов аз зумраи он хонаводаҳоест, ки ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ заминҳои наздиҳавлигии худро самараноку оқилона истифода мебаранд.
Бештари маҳсулоти истеҳсолкардаи ин хонавода ба бозор бароварда шуда, на танҳо барои даромад мусоидат мекунад, балки саҳми худро дар ғанӣ гардондани бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти ватанӣ низ мегузорад.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода зимни шиносоӣ бо истифодаи самараноки замини наздиҳавлигии Ҳасан Абдукаримов иброз дошт, ки заҳмати сокинон намунае аз татбиқи босамари сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти истифодаи оқилонаи замин мебошад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки таҷрибаи чунин сокинони фаъолу ташаббускор бояд байни аҳолӣ васеъ тарғиб гардад, зеро ҳар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ имконияти воқеӣ барои таъмини ризқи ҳалол, беҳтар намудани зиндагӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти маҳаллӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон










Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид






