Лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат, аз ҷумла «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия шудааст.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябри соли 2025 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки лоиҳаи Кодекси экологӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ориф Амирзода зимни муаррифии лоиҳаи кодекси мазкур доир ба моҳияти қабули ин санад ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, онҳо иброз доштанд, ки қабули Кодекси экологӣ дар мамлакат сиёсати ягонаи давлатии экологиро бо назардошти равандҳои тағйирёбии иқлим муайян намуда, коҳиши гуногунии биологӣ, ҳифзи пиряхҳо, рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро таъмин менамояд.
Таъкид шуд, ки таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи экологӣ имрӯз ногузир буда, амалишавии ҳарчӣ зудтари он барои пешрафти иқтисодиёти давлат ва мустаҳкамгардии сиёсати давлатии экологӣ аҳаммияти калон дорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






