Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба натиҷаҳои Вохӯрии 7-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар чорабинии канорӣ оид ба натиҷаҳои Вохӯрии 7-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки 15-16 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканд баргузор шуда буд, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар рафти чорабинӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид, аз ҷумла дар самти ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои калидӣ, инфрасохтор, энергетика, нақлиёт, табдили рақамӣ ва ҳамкории ҳамоҳангшуда дар сиёсати хориҷӣ муаррифӣ ва муҳокима гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд






