Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 доир гардид, ки дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳназар Холназарзода иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни форум иштирокчиён масъалаҳои марбут ба зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, бозори меҳнат ва масъулияти ҳуқуқии алгоритмҳоро баррасӣ намуданд.
Намояндаи Тоҷикистон зимни форум оид ба аҳамияти рушди устувори муҳити рақамӣ, зарурати такмили заминаи ҳуқуқии танзими технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва нақши ҳамкории минтақавӣ дар таъмини амнияти рақамӣ маъруза намуд.
«Тоҷикистон ҷонибдори барқарор кардани мувозинати устувор байни навовариҳои технологӣ ва танзими ҳуқуқии онҳо мебошад. Таҷрибаи кишварҳои минтақа дар ин самт метавонад дар таҳкими идоракунии рақамӣ саҳми муассир гузорад»,-иброз дошт намояндаи Тоҷикистон.
Иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон дар чунин форумҳо бозгӯйи таваҷҷуҳи рӯзафзуни раҳбарияти олии мамлакат ба масоили ҳуқуқи рақамӣ ва омодагии он барои ҳамкорӣ бо шарикони минтақавӣ барои ташаккули ояндаи мутавозини рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






