НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд
ДУШАНБЕ, 03.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар биноҳои баландошёнаи навбунёд панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар маҷмааҳои истиқоматӣ дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ ва хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд сохтмони биноҳои муосири баландошёна идома дорад.
Ба иттилои мутахассисон, панелҳои офтобӣ дастгоҳҳое мебошанд, ки энергияи офтобро ба неруи барқ табдил медиҳанд ва он ҳамчун манбаи тозаю дастрас истифода бурда мешавад. Коршиносон таъкид мекунанд, ки истифодаи таҷҳизоти офтобӣ хароҷоти худро дар муддати 3–4 сол пурра ҷуброн карда, солҳои зиёд ба сокинон хизмат мерасонад.
Иброз гардид, ки ба манбаъҳои барқароршавандаи неруи барқ – энергияи ҷараёни обҳои дарёҳо, обанборҳои табиӣ ва сунъӣ, энергияи Офтоб, энергияи бод, энергияи обҳои гарми зеризаминӣ, биомасса дар шакли партовҳои саноатӣ, кишоварзӣ, ҷангал, хоҷагии коммуналӣ ва рӯзгор дохил мешаванд. Энергияи офтобӣ ҳамчун манбаи барқароршаванда истифода шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза аст, яъне дар марҳилаи фаъоли истифода партовҳои зарароварро ба вуҷуд намеорад.
Дар ҷумҳурӣ истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз ҷумла неруи Офтоб ва шамол тақвият дода шуда, дар 5 соли оянда 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 МВт амалӣ мегардад. То соли 2030 ин иқтидор то ба 800 МВт расонида мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






