Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти мамлакат аст

Декабрь 17, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти кишвар» ҳамоиши ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун дастури роҳнамо барои ҳама сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли зиё хизмат мекунад. Дар он масъалаҳои муҳими рушди илм, маориф, тандурустӣ, дастгирии ҷавонон, таъмини амнияти миллӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи хосса доранд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ибрози назар  намуда,  онро  ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳо ва дурнамои рушди устувори мамлакат дар ҳама самтҳо арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди босуботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, соҳаҳои обу энергетика, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти содирот, суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, инкишофи неруи инсонӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии иҷтимоӣ, саноатикунонии мамлакат, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, гиромидошти таъриху фарҳанги аҷдодӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва дигар мавзуъҳои муҳимро фаро мегирад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Декабрь 17, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд