Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд

Декабрь 24, 2025 11:36

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ доданд, бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе дар маҷмуъ дорои 80 ҳуҷраи кории барҳаво буда, барои кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити муҳими кору фаъолият фароҳам оварда  шудааст.

Телевизиони Душанбе дорои чор студияи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ буда, калонтарини он студияҳои якум ва дуюм мебошанд, ки барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу ва барномаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.

Ҳарду студия дорои 4 маҷмуи таҷҳизоти студиявӣ ва 3 ҳуҷраи ёрирасон буда, дар маҷмуъ имкони ҷойгиркунонии то 50 мухлисро доранд.

Студияҳои сеюм ва чорум бо 2 маҷмуи таҷҳизоти студиявӣ ва 8-ҳуҷраи корӣ сохта шуда, барои ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намудани барномаҳои гуногуни телевизионӣ пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмуъ 4 студия бо муосиртарин технологияи соҳавӣ аз қабили дастгоҳу таҷҳизоти рақамии формати сабташон 4К таъмин буда, имконияти сабт ва тариқи зинда пахш намудани барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ, фарҳангиву фароғатӣ, ток-шоу ва дигар барномаҳо мавҷуд аст.

Муассиса дорои парки зарурии техникӣ буда, студияи сайёри он аз се автомашинаи калони махсус иборат аст.

Дар баробари ин, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва мебели хушсохту замонавӣ ҷиҳозонида шудааст.

Студияи марказии пахши барномаҳо, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории роҳбарият, дизайнерҳои графикӣ, барномасоз,  китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, синфхона барои машғулиятҳои такмили ихтисос, ҳуҷраи истироҳат, ҳуҷраи коркарди маълумоти бойгонӣ  дар маҷмуъ ҳамаи ҳуҷраҳои бинои нави Муассиса дарои шароити хуби кору фаъолият ҳастанд.

Бинои Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе бо истифода аз санъати баланди меъмории миллӣ бунёд гардида, қисмати берунаи он пурра шишабандӣ шудааст. Ҳамчунин бино ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, ҳуҷраҳо бо системаи ҳавотозакунии автономӣ васл карда шудаанд.

Роҳравҳои атрофи бино бо истифода аз санги хоро оро дода шуда, ҳавлии Муассиса пурра мумфарш карда шудааст. Дар даромадгоҳи бино монитор барои пахши лавҳаю наворҳои таблиғотӣ бо паҳноии 2,5 ва баландии 8 метр насб гардидааст.

Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе қаблан дар бинои солҳои 40-уми садсолаи гузашта сохташуда фаъолият мекард. Бинои қаблӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба талаботи соҳа ҷавоб гуфта наметавонист ва он барои толори синамо ё худ кинотеатр пешбинӣ шуда, ҳамагӣ дорои ду студияи хурд, яке барои барномаҳои иттилоотӣ ва дигаре барои сабти дигар барномаҳо пешбинӣ шуда буд.

Набудани студияи сабти барномаҳо ва шароити маҳдуд имкон намедод, ки ҳайати эҷодии ин Муассиса барномаҳои баландсифат ва ҷавобгў ба талаботи замонро таҳия карда, ба бинандагон пешниҳод намоянд.

Ҳоло бошад, дар заминаи дастгириҳои ҳамешагии Роҳбарияти Олии давлат ҳоло доираи пахши Телевизиони Душанбе васеъ гардида, онро тавассути моҳвора дар зиёда аз 40 кишвари дунё бо  сифати FULL  HD  тамошо кардан мумкин аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо итминон иброз доштанд, ки ҳайати эҷодӣ ва техникии Телевизиони Душанбе бо фаъолият дар шароити хубу замонавӣ ва бо истифода аз навтарин технологияи соҳаи телевизион бинандаи худро бо тозатарин хабару рӯйдодҳо ва барномаҳои ҷолибу диданӣ таъмин менамоянд.

Иҷрои масъулияти иҷтимоӣ, ростқавлӣ, хизмат ба манфиати ҷомеа, риояи меъёрҳои касбӣ ва ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва мусоидат ба таҳкими сулҳу субот аз ҷумлаи талаботи Пешвои миллат зимни суҳбат бо кормандони Телевизиони Душанбе буд.

Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе 24.12.2025

Декабрь 24, 2025 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд