Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 17.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати иқтисодиву иҷтимоии кишвар, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини волоияти қонун ва некуаҳволии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр мешаванд.








Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






