Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Корхонаи макарони «Руми Паста»-ро мавриди баҳрабардори қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ пас аз таҷдиду навсозӣ давоми як сол мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Таҷҳизоти корхонаи нави саноатиро соҳибкорони ватанӣ аз давлати Итолиё ворид намуда, барои фаъолияти минбаъда мутахасисони маҳаллиро ба кор ҷалб намудаанд. Ҳоло корхонаи навтаъсис дорои як хатти технологӣ буда, 20 нафар мутахассис дар ду баст ба фаъолият фаро гирифта шудаанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ин корхона се номгӯи маҳсулот истеҳсол ва бастабандӣ карда мешавад.
Масъулон тасмим гирифтаанд, ки бо ворид намудани ду хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам зиёд намоянд. Аснои шиносоӣ Сарвари давлат ба кормандон ва мутахассисон вобаста ба истифодаи имкониятҳои мавҷуда ва истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ дастур доданд.
Оянда баробари ба кор андохтани хатҳои нави технологӣ шумораи кормандон дар Корхонаи истеҳсоли макарони «Руми Паста» ба 50 нафар мерасад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад






