Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, мавриди истифода қарор доданд.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо шароити фароҳамгардида дар бинои маъмурии қисми ҳарбии мазкур шинос шуда, бо дастаи ҳайати шахсии мазкур сӯҳбат намуданд.
Бинои навбунёд бо назардошти меъёрҳои муосири меъморӣ ва талаботи махсуси соҳа бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар бинои қисми ҳарбии 3503 ҳуҷраҳои кории афсарон бо мизу курсӣ, таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои алоқаи дохилӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Барои нигоҳ доштани солимии ҳайати шахсӣ ва обутоби бадан дар масоҳати 350 метри мураббаъ толори муосири варзишӣ низ бунёд ёфтааст
Дар ин қисми низомӣ анбори нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 100 тонна муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он маҳсулоти хурокаи сарбозон, захира ва нигаҳдорӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни шиносоӣ ва сӯҳбат бо ҳайати шахсии дастаи мазкур таъкид намуданд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи касбиро ҳамеша баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои ногувору фавқулодаву ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар як хизматчии низомию воҳидҳои таъиноти махсус талаб намуданд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва амну суботи ин сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошанд.
Фаъолияти босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар ҷомеа ҳаётан муҳим буда, муваффақияти кормандони ин сохтор ба кордонӣ, донишҳои мукаммали зарурӣ, аз ҷумла сиёсӣ, оперативӣ ва фарҳанги баланди муносибат бо мардум вобастагии амиқ дорад.
Роҳравҳо ва гирду атрофи бинову иншооти қисми низомӣ мумфарш карда шуда, атрофи он бо гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз зеб дода шудааст.
Дар қисми ҳарбӣ, ҳамчунин, хонаи дидорбинӣ бо пайвандон ва манзили истиқоматии алоҳида барои сарбозони оиладор мавҷуд буда, тамоми шароити зист дар онҳо муҳайё гардидааст.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд






