РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО. Энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст

Декабрь 22, 2025 13:40

ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз, 22 декабр дар Тоҷикистон Рӯзи энергетикҳо муқаррар шудааст. Энергетика соҳаи ҷудонашавандаи  истеҳсолот ба шумор рафта, Тоҷикистон дар қатори дигар мамлакатҳои  истеҳсолкунандаи энергияи «сабз» яке аз  ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Мамлакати мо дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ буда, зиёда аз 60 дарсади захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул меёбанд. Дар мавриди истифодаи самараноки ин иқтидор имкон фароҳам меояд, ки дар як сол 527 миллиард киловат/соат энергияи барқи аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ бахши энергетика яке аз соҳаҳои калидӣ ва афзалиятнок дониста шудааст, зеро энергетика заминаи рушд барои дигар бахшҳои иқтисод маҳсуб мешавад. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17,4 миллиард кВт-соат дар соли 1991 ба 24 миллиард кВт-соат дар соли 2025 афзоиш дода шуд, ки 6,8 миллиард кВт-соат ё 37,9 фоиз зиёд мебошад.

Сохтори соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон

Сохтори соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон аз ширкатҳои давлатии марбут ба истеҳсол- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», интиқол- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва тақсимоти энергияи барқ- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва чор истеҳсолкунандаи мустақили энергияи барқ иборат мебошад. Инчунин як ширкати энергетикии хусусӣ бо шароити Созишномаи консессионӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амал менамояд, ки фаъолияти он ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти энергияи барқ нигаронида шудааст.

Аз лиҳози географӣ низоми энергетикии  мамлакат аз ду қисм — қисмати ҷанубӣ ва қисмати шимолӣ иборат буда, ин низомҳо тавассути як хати интиқоли барқи 500 кВ пайваст шудаанд. Иқтидори асосии истеҳсолии энергияи барқ дар қисмати ҷанубӣ 97,7 дарсад ва дар қисмати шимолӣ 2,3 дарсад ҷойгир аст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти соҳаи электроэнергетика ва беҳ намудани вазъи таъминоти энергияи барқ то ин дам 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ карда шудааст. 18 лоиҳаи дигар ба маблағи 1,5 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар марҳилаи татбиқ қарор дорад. Дар ин давра зиёда аз 2000 МВт иқтидори нав ба кор андохта шуда, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ аз 17,4 миллиард кВт- соат дар соли 1991 ба 22,4 миллиард кВт/соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар тамоми давраи фаъолияти низоми энергетикии мамлакат маҳсуб мешавад.

Рушди энергетика дар даврони соҳибистиқлолӣ

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат рушди соҳаи энергетика ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дошта, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат тадбирҳои пайгирона амалӣ мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги неруи таҷдидшаванда – энергияи «сабз» буда, аз рӯйи истифодаи он дар ҷаҳон дар мақоми шашум ҷой гирифтааст. Ҳудуди 98 дарсади неруи барқи дар мамлакат тавлидшавандаро неруи таҷдидшавандаи энергия, асосан гидроэнергетика ташкил медиҳад. Зимнан, иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард кВт-соат дар як солро ташкил менамояд, ки бо ин нишондод давлати мо дар ҷаҳон дар ҷойи 8-ум қарор дорад.  Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрӯзаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ду маротиба бузург буда, то имрӯз танҳо 5 дарсади он азхуд карда шудааст. Ин захираи бузурги энергияи «сабз» дар оянда метавонад на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки Тоҷикистон бо онҳо тавассути хати баландшиддати CASA-1000 пайваст мешавад, хизмат расонад.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ дар айни замон 18 лоиҳа ба маблағи 1,6 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар марҳилаи татбиқ қарор доранд. Инчунин зиёда аз 2000 МВт иқтидори нав ба кор дароварда шуда, иқтидори энергетикии мамлакат ба беш аз 6600 МВт баробар гардид.

16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд, ки  «дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи мамлакат ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шуд, ки дар натиҷа иқтидори истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфт. Танҳо аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидори истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардидааст».

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид доштанд, ки «дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар мамлакат 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд».

Соли 2027 истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон пурра таъмин мегардад

«Моҳи сентябри соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуда,  истиқлолияти энергетикии мамлакат пурра таъмин мегардад»,-чунин изҳор намуданд 16 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар айни замон корҳои лоиҳавию сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт оғоз гардида, то моҳи августи 2026 ба истифода дода мешаванд. Расидан ба истиқлоли энергетикӣ рӯйдоди таърихӣ хоҳад буд.

Ба таҳлили коршиносон, дар ҳолати пурра навсозӣ ва таъмир намудани неругоҳҳо Тоҷикистон метавонад дар арсаи байналмилалӣ яке аз давлатҳои пешсаф дар тавлиди неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза  гардад.

Ҳамчунин дар мамлакат барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030”  қабул гардид. Ҳадафи ин барнома таъминоти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ бо энергияи барқӣ аз ҳисоби иқтидори истеҳсолии худӣ ва ба ин васила ноил гардидан ба амнияти энергетикӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашвандаи амнияти миллии мамлакат мебошад.

Оё солҳои минбаъда талабот ба энергияи барқ пурра таъмин мегардад?

Тибқи таҳлилҳо, дар давраи солҳои 2014-2024 талабот ба энергияи барқ дар як сол ба ҳисоби миёна 2,9 дарсад афзоиш ёфта, ин тамоюл то соли 2030 идома хоҳад ёфт. Талабот ба энергияи барқ мавсимӣ буда, аз сабаби истифодаи энергияи барқ барои гармкунӣ авҷи афзоиши он ба фасли зимистон рост меояд. Бо назардошти вобастагӣ аз гидроэнергетика ва шароити гидрологӣ дар фасли зимистон, ки боиси маҳдуд шудани имконияти истеҳсолии неруи барқ мегардад, дар низоми энергетикии Тоҷикистон барои пурра қонеъ намудани талабот ба неруи барқ дар фасли зимистон мушкилиҳо ба назар мерасанд. Аз рӯйи арзёбӣ, норасоии барқ дар фасли тирамоҳу зимистон ба 1,5 миллиард киловатт-соат баробар мебошад.

Тибқи таҳлилҳои коршиносон ва пешбиниҳои стратегии соҳаи энергетика, то соли 2030 талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат ба 25,6 миллиард кВт-соат баробар хоҳад шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2025 дар ҳаҷми 6,1 миллиард кВт-соат ё 31 фоиз афзоиш меёбад.

Зиёд шудани талабот ба рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ, саноати коркард, афзоиши иқтидори истеҳсолии корхонаҳо, зиёд гардидани шумораи аҳолӣ ва нақлиёти барқӣ вобаста аст.

Дар ин замина тақозо мегардад, ки фаъолияти тамоми сохторҳои соҳа дар самти рушди инфрасохтор, таъмини устувории низоми энергетикӣ, истифодаи самараноки захираҳо, амалӣ намудани технологияҳои каммасраф ва татбиқи лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ боз ҳам васеъ карда шавад. Ҳарчанд дар даҳ моҳи соли 2025 талафоти неруи барқ дар мамлакат нисбат ба соли 2024 дар сатҳи 3 фоиз коҳиш ёфтааст, аммо то ҳол қонеъкунанда нест.

Ба иттилои Вазорати энергетикаи мамлакат, бо назардошти талаботи замони муосир ва зарурати баланд бардоштани самаранокии идоракунии низоми энергетикӣ, коҳиши талафоти барқ ва таъмини шаффофият муҳим аст, ки барои сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани васлу насби ҳисобкунакҳои зеҳнӣ дар доираи лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат чораҷӯӣ карда шавад. Инчунин ҷорӣ намудани низоми муосири биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагон, ҳисобу китоби истеъмоли неруи барқ аз ҷониби ҳама истифодабарандагон, таъмини ҷамъоварии саривақтии маблағ аз аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидор вазифаи калидӣ ба шумор рафта, иҷрои босамари онҳо ба коҳиши назарраси талафоти техникӣ ва ғайритехникӣ мусоидат менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 22, 2025 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун сарчашма ва манбаи роҳнамо барои фаъолияти қонунгузорӣ арзёбӣ мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ…». Фалсафаи амиқи ҳастӣ ва роҳнамо барои ҳифзи асолати миллӣ
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?