КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад

Март 7, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи март дар мамлакат кишти сабзавот оғоз мегардад. Аввали моҳи март кишварзони баъзе шаҳру ноҳияҳо дар 15 944 гектар сабзавот кишт намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзиии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тибқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, моҳи март дар ҷануби мамлакат аллакай марҳилаи шинонидани кӯчати помидору бодиринги барвақтӣ дар замини кушод оғоз мегардад.

Тавсия дода мешавад, ки пеш аз шинонидани кӯчати сабзавот замин ҳамвор карда шуда, кашидани ҷӯяк барои помидори навъҳои маҳаллӣ дар байни қатор 70 сантиметр, байни растанӣ 30 сантиметр, барои навъҳои дурага (гибрид) байни қатор 80 сантиметр ва байни растанӣ 50 сантиметр тавсия дода мешавад. Барои шинонидани кӯчати бодиринги барвақтӣ дар замини кушод бо шакли байни қатор 150 сантиметр ва байни растанӣ 30-сантиметрӣ тавсия дода мешавад.  Ҳангоми шинонидани кӯчати помидор ва бодиринги барвақтӣ дар замини кушод ба ҷойгиршавӣ ва шумораи кӯчат барои 1 гектар аҳамияти ҷиддӣ додан зарур аст, зеро солимии зироат аз зичии кӯчат дар майдон вобастагии калон дорад.

Олимони соҳаи кишварзӣ таъкид менамоянд, ки баъд аз шинонидани кӯчати помидору бодиринг дар замини кушод то фарорасии мавсими гулкунӣ намии хок бояд 70 фоиз бошад.

Ҳанчунин гуфта шуд, ки дар давраи нашъунамо обмонӣ, ғизодиҳии сабзавот ва коркарди байни қаторҳо яке аз корҳои муҳими агротехникӣ дониста мешавад.

Дар вилояти Суғд мавсими кишти тухми помидору бодиринг дар тубакчаҳо мебошад. Тавсия дода мешавад, ки барои парвариши кӯчат дар тубакчаҳо ҳатман аз компост истифода баред, зеро компост хоки сабук буда, дар сабзиши тухмӣ мушкилӣ пеш намеояд. Инчунин дар вақти кишт ба навъи тухмии сабзавот бештар аҳамият додан зарур аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд