РӮЗИ ТАЪСИСИ ВОҲИДҲОИ ТАЪЙИНОТИ МАХСУСИ МИЛИТСИЯ. Кормандони ин ниҳод вазифаҳои душвору масъулиятнок бар зимма доранд
ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия 5 декабри соли 1995 таъсис ёфтааст. Он то имрӯз дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат, малакаи касбӣ ва шаклу усулҳои кориро такмил дода, бо техникаю таҷҳизоти муосир таъмин ва ба ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти давлат табдил ёфтааст.
Бар дӯши кормандони ин ниҳод вазифаҳои басе душвору масъулиятнок- ҳифзи марзу буми Ватан, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ вогузор гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ пайваста аз ранҷу заҳмат ва корнамоиҳои кормандони ин ниҳод дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ёдовар гардида, хизмати содиқонаю садоқатмандонаи онҳоро қадр менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ ва омодабошии ҷангӣ марказҳои таълимии воҳидҳои таъйиноти махсус таъсис дода шудаанд, ки кормандони ин ниҳод дар онҳо маҳорати касбии худро такмил медиҳанд.
Воҳидҳои таъйиноти махсус ҳоло бо техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангии муосир муҷаҳҳаз буда, кормандони он дар муассисаҳои таълимии дохил ва хориҷи мамлакат аз мутахассисони ботаҷриба таълим мегиранд.
Аз ҷумла, 19 августи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсии ин даста таъкид доштанд, ки ҳушёриву зиракии касбию сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд ва донишу малакаи худро пайваста баланд бардошта, барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаю ғайричашмдошт ҳамеша омода бошанд.
Таъкид гардид, ки шароити навтарини зист, фаъолияти ҳаррӯза ва омодасозии босифати ҳайати шахсӣ ба иҷрои амалиёти махсуси низомӣ ҳар яки онҳоро бояд ба хизмати содиқонаю софдилона ва машқу тамрини матлуб водор намояд. Бо ёдоварӣ аз вазъи мураккабу пешгӯинашаванда, ки дар минтақа ва ҷаҳон ба назар мерасад, аз роҳбарияти сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар хизматчии низомию воҳидҳои таъйиноти махсус талаб карда шуд, ки барои ҳифзи дастовардҳои Ватани соҳибистиқлол ва амну суботи пойдори Тоҷикистон ҳамеша омода бошанд.
Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастаи алоҳидаи таъйиноти махсуси милитсия «Шоҳин»-и Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нақлиёти нави корӣ тақдим карда шуд, ки ба фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод кумаки амалӣ мерасонад.
Дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ин ниҳодро водор менамояд, ки вазифаю уҳдадориҳои хизматиро содиқона ва софдилона иҷро намуда, ҳифзи марзу бум, дастовардҳои замони истиқлол ва амнияти сокинони мамлакатро сарбаландона таъмин намоянд.
Фаъолияти кормандони Дастаи таъйиноти махсуси милитсияро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки «саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии шумо, кормандону хизматчиёни Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад».
Дар ин замина метавон гуфт, ки бо гузашти солҳо заминаи моддиву маишӣ, тактикиву ҷангӣ, таълимӣ ва пеш аз ҳама, неруи кадрии Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ аз ҳисоби ҷавонмардони матиниродаю садоқатбунёд, нотарсу далер ва шуҷоатманду ватанпарвар мукаммал гардида, ҳайати шахсии ин сохтор давоми фаъолият аз бисёр набарду муборизаҳои вазнин, мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин сарбаландона гузаштааст.
Имрӯз он ба ниҳоди пурқудрат ва кафили суботу оромӣ табдил ёфта, дар сафи аввали мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир қарор гирифтааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид






