Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 02.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, шоми 1 декабр ба шаҳри Ҳисор рафт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, меҳмононро дар Регистони Қалъаи Ҳисор раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода истиқбол гирифтанд.
Сокинони шаҳри Ҳисор меҳмонони олиқадрро тибқи таомули аҷдодӣ бо нону намак ва таҳти садои карнаю сурнай хуш истиқбол гирифтанд.
Масъулини Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор меҳмононро бо Арк, Қасри Ҳоким, Аскархона, растаи дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии мамнуъгоҳ ва таърихи гузаштаю имрӯзаи Ҳисори бостонӣ шинос намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад






