Сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои мураббиёни ФФТ ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои мураббиён баргузор гардид, ки зимни он сармураббиёни дастаҳои миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияташон дар соли 2025 гузориш пешниҳод карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҳисоботи мураббиёни тимҳои миллии гуногун шунида шуд. Сармураббии дастаи мунтахаби то 17-солаи Тоҷикистон Марко Раҷини дар бораи омодагии даста ба Ҷоми ҷаҳон-2025 муфассал сухан гуфта, сабабҳои баромади номуваффақро дар мусобиқаи Қатар таҳлил намуд.
Сипас, сармураббии дастаи мунтахаби футзал Пайрав Воҳидов ҳисоботи фаъолияти худро пешкаш намуда, нақшаи омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар Индонезия баргузор мешавад, муайян кард.
Сармураббии дастаи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Далер Каёсов натиҷаи бозиҳои дӯстонаи охирро шарҳ дода, дар бораи омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки моҳи май дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, сухан гуфт.
Дар анҷом иштирокчиён нақшаҳои рушди ояндаи дастаҳои миллии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






