Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд

Декабрь 25, 2025 13:10

ДУШАНБЕ, 25.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави таълимӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Қаҳҳоров сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои таълимӣ ба соҳибкори ватанӣ барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи тандурустӣ ва бунёди чунин иншооти замонавӣ изҳори сипос намуданд.

Дар муассиса 53 синфхона, аз ҷумла 16 синфхонаи лексионӣ ва 4 синфхонаи омӯзиши малакаҳои амалӣ фаъолият менамояд. Омӯзиш аз рӯйи 7 самт ва 9 ихтисос, аз ҷумла момодоягӣ, ҳамширагӣ, фармасевтӣ, дандонсозӣ, табобати дандон ва тиббию ташхисӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки қабули донишҷӯён пас аз хатми синфҳои 9 ва 11 тавассути Маркази миллии тестӣ сурат мегирад.

Иншоот дорои хобгоҳ барои 120 нафар, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо зиёда аз 15 ҳазор маводи таълимӣ ва китобхонаи умумӣ бо 12 ҳазор нусха китоб мебошад.

Дар муассиса 215 кас бо кор таъмин шуданд, ки аз ин шумора 48 мутахассиси соҳаи тиб, 35 корманди техникӣ ва 132 омӯзгори соҳибтаҷриба мебошанд.

Ҳоло дар Коллеҷи тиббии инноватсионӣ 3500 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 2410 кас духтарон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Қаҳҳоров дар шаҳри Бохтар боз як қатор корҳои дигари ободонию созандагӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ӯ дар чароғон кардани 5 кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Бохтар дар масофаи зиёда аз 15 километр ва рангубори зебои биноҳои он иштироки фаъол доштааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби ин соҳибкор бо ҳадафи фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат ва рушди ҷисмонии кӯдакону наврасон, дар ҳудуди шаҳри Бохтар 8 майдончаи бозии кӯдакон ва 2 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтори шаҳр, таъмини шароити зиндагии шоистаи сокинон ва боз ҳам зеботар гардидани шаҳри Бохтар мусоидат менамоянд.

Пас аз ба истифода додани бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии хусусии Даворо ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дорои шароиту имкониятҳои зарурии таълимӣ буда, бо таҷҳизот ва воситаҳои аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Рушди Хатлон бунёд шудааст.

Шумораи умумии кормандони Коллеҷи тиббӣ 166 касро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 138 омӯзгор ва 28 корманди техникӣ мебошанд.

Хобгоҳи муассиса дорои 160 ҷойи хоб мебошад.

Дар ин муассиса 2500 донишҷӯ дар ду баст таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 1500 касаш духтарон мебошанд.

Бунёди ду муассисаи муосири таълимии тиббӣ дар шаҳри Бохтар барои ҷалби бештари духтарон аз шаҳру ноҳияҳои дурдасти кишвар ба таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ аз ҷумлаи соҳаҳои нозук ва пурмасъулият ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ба омӯзгоронро дастур дода шуд, ки донишҷӯёнро ба омӯзиши донишҳои муосир ҳидоят намуда, онҳоро дар роҳи хизмати софдилона ба Ватан раҳнамо бошанд, то дар оянда ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба Тоҷикистони соҳибистиқлол содиқона хизмат намоянд.
Ба истифода додани бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсионӣ ва ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намудани бинои иловагии таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷи тиббии хусусии Даво дар шаҳри Бохтар 25.12.2025

Декабрь 25, 2025 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид