Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанберо ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Декабрь 24, 2025 12:10

ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бинои нави боз як иншооти дар рушд ва шукуфоии пойтахт нақшгузор – Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе низ дар ҳамин рӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ шуд.

Иншоот, ки бо риояи унсурҳои муосири миллӣ қомат афрохтааст, ҳусни ин гӯшаи қалби Тоҷикистон – Душанберо боз ҳам афзун намуд.

Зимни муаррифии шароит ва имкониятҳои корӣ дар Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати ширкатҳои бонуфузи ватанӣ сохта шудааст.

Бунёд ва ба истифода супоридани бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши Душанбе замина гузошт, ки шумораи кормандон аз 40 каси қаблӣ ба 70 кас расонида шавад.

Толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани ҷамъомаду вохӯриҳо пешбинӣ шуда, истифода аз китобхонаи электронӣ воситаи рушди дониш ва огоҳии кормандон аз навгониҳои илмӣ хоҳад буд.

Муаррифии симои шаҳри Душанбе, шиносоии мардум бо дастовард, мавзеъ ва нуқтаҳои ҷолиби диққат, мусоидат ба рушди соҳибкорӣ бо муаррифии брендҳо,  тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисоди шаҳр тавассути воситаҳои рекламаи берунӣ, маълумоти визуалӣ ва ороишӣ дар маҷмуъ ҳама самтҳои фаъолият дар Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе аз ин пас дар шароити хуб сурат мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин истифодаи мақсаднок аз шароити хуби корӣ ва назорати ҷиддӣ аз мутобиқати рекламаҳои берунӣ ба талаботи қонун дастуру тавсияҳо доданд.

Ҳудуди иншоотро ниҳолу дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ зиннати хос медиҳад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таваққуфгоҳи муосири бисёрсатҳа шинос шуданд. Иншоот  дар давоми 1 сол сохта шуда, барои 354 воситаи нақлиёт пешбинӣ шудааст. Таваққуфгоҳ дар идомаи раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳадафи беҳсозии муҳити шаҳрӣ ва коҳиши шумораи мошинҳо кӯчаву хиёбонҳо сохта шудааст. Бунёди иншооти замонавӣ бозгӯи татбиқи босамари Барномаи рушди устувори шаҳрӣ ва Нақшаи генералии шаҳри Душанбе буда, ба рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ низ мусоидат мекунад.

Ифтитоҳи фосилавии Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе 24.12.2025

Декабрь 24, 2025 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон