Сокинони деҳаи Фуруғдеҳи ноҳияи Хуросон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд
ДУШАНБЕ, 14.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон манораи нави обтаъминкунӣ бо ҳаҷми 20 000 литр ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки баъди ба истифода додани манораи обтаъминкунӣ беш аз 1000 сокин, аз ҷумла 501 кӯдаки деҳаи Фуруғдеҳ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуданд.
Об аз чуқурии 200 метр гирифта шуда, сифати баланди онро таъмин мекунад. Дар айни замон 129 оила ба шабакаи нави обтаъминкунӣ пайваст шудаанд.
Бунёди манораи нави обтаъминкунӣ дар деҳаи Фуруғдеҳ қадами муҳим дар таъмини аҳолӣ бо оби тоза ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ мебошад. Он ҳамзамон барои ҳалли масоили экологӣ ва эҳтиёҷоти аҳолӣ дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






