СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд

Декабрь 18, 2025 10:27

ДУШАНБЕ, 18.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 100 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият менамояд. Ҳаҷми маҳсулоти ин корхонаҳо дар 10 моҳи соли 2025 ба зиёда аз якуним миллиард сомонӣ расонида шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  185 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 9 декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, раванди корҳои ободонию созандагӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба шаҳри Турсунзода сафар намуданд. Зимни сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марҳилаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» бо иқтидори 8760 тонна маҳсулоти пластикӣ дар як сол расман оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 августи соли 2021 зимни ифтитоҳи марҳилаи якуми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф» ба бунёди марҳилаи дуюми корхона санги асос гузошта буданд.

Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона зиёда аз 5 навъи маҳсулоти гуногуни пластикӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол ва маҳсулоти корхона 100 фоиз содирот карда мешавад.

Корхона аз ҷумлаи иншооти саноатӣ ба ифтихори ҷашни бошукуҳи миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба амалишавии босамари Солҳои рушди саноат (2022-2026) мусоидат мекунад.

Фаъолияти мунтазами марҳилаи дуюми корхона талаботи бозори дохилиро бо 5 намуд маҳсулоти босифати ватании ивазкунандаи воридот, аз ҷумла профилҳои пластикӣ, лӯлаҳои пластикӣ, резин, бутил ва ғайра таъмин намуда, ба паст шудани нархи он мусоидат мекунад. Ҳоло барои фаъолияти самарабахш ва коркарди босифати маҳсулоти корхона зиёда аз 80 мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, 35 фоизашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои пластикӣ ва резин барои васли қисмҳои алоҳидаи дару тиреза, насби қисмҳои гуногуни мебел, лӯлаҳои пластикӣ барои интиқоли об дар биноҳои баландошёна ва боз чанд номгӯй маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 18, 2025 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Ҳавопаймои дуюми Boeing 737-8 MAX-и «Сомон Эйр» ба Тоҷикистон ворид карда шуд
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ТАҲДИДҲОИ НАВИ КИБЕРӢ. Ин низом аз таҳдидҳо чӣ гуна муҳофизат карда мешавад?
Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 5539 гектар шолӣ кишт намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид