Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
ДУШАНБЕ, 24.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар айни замон лоиҳаи Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасӣ қарор дорад. Лоиҳаи Кодекси энергетикӣ фарогири масъалаҳои калидии соҳа, аз ҷумла баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ танзими муносибатҳо дар бахши истеҳсол, интиқол ва истифодаи неруи барқ, гармӣ ва геотермалӣ, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, таъмини амнияти энергетикӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мебошад.
Ин санад барои танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳуқуқӣ дар бахши энергетика ва таҳкими заминаи қонунгузорӣ ҷиҳати рушди устувори соҳа аҳамияти хос дорад.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетии мамлакат нақша дорад, ки соли 2026 корҳои сохтмони неругоҳҳои барқи офтобиро дар қисмати ҷанубу шимоли мамлакат бо иқтидори умумии 1500 МВт оғоз намояд. Инчунин соли 2026 татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ дар 26 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ҷамоати деҳоти Ромит – марҳилаи 2» оғоз мегарданд.
Амалӣ намудани ин нақшаҳо имкон медиҳад, ки соли 2026 дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ дар соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шуда, устувории таъминот, самаранокии истифода ва имконияти содироти неруи барқ боз ҳам тақвият ёбад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






