Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад

Декабрь 16, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 16.12.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2028 дар  Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд. Ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим марҳалаи нав фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки дар чорчӯби Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон масъалаҳои ниҳоии ҳамаҷонибаи иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баррасӣ карда мешаванд.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба кор бо Маҷмаи Умумӣ ва мудирияти конфронсҳо Мовсес Абелян,  ки  моҳи июни соли равон  бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, иброз намуд, ки «Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об дар соли 2028 дар Тоҷикистон бо рӯйдодҳои сатҳи олӣ, ки ҳамасола  моҳи сентябр бо иштироки ҳайатҳои баландпояи кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню-Йорк баргузор мешаванд, қобили муқоиса мебошад».

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи умумии СММ тайи 20 соли охир 9 қатъномаи марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об,  солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду Даҳсолаи байналмилалии амал — «Об барои ҳаёт» ва «Об барои рушди устувор»-ро фароҳам оварданд.

Ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидаанд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд,  «таҷрибаҳои қаблӣ исбот карданд, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд».

«Моро лозим аст, ки дид ва муносибати худро нисбат ба муҳимтарин манбаи ҳаёт, яъне захираҳои об тағйир дода, мудирияти онро низ ба шакли нави самаранок ва бо усулҳои навоварона ба роҳ монем»,- таъкид намуданд Сарвари давлат.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 16, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд