СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду бинои баландошёна бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 23.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони ду бинои баландошёна идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Дар назди биноҳо майдони алоҳида барои таваққуфгоҳи нақлиёт, майдончаи варзишӣ ва ҷойи бозии наврасон пешбинӣ карда шудааст. Ҳамчунин дар ҳудуди маҷмаа бунёди кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, ҷойи сайру гашт, инчунин таъсиси фурӯшгоҳу марказҳои хизматрасонӣ дар назар аст.
Тибқи лоиҳа, дар ду бинои 14-ошёна 156 манзили истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрагӣ сохта мешавад. Ҳоло корҳои пардоздиҳии қисми берунии биноҳо идома дошта, ҳамзамон дар паҳлуи ин биноҳо боз як бинои 16-ошёна сохта мешавад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба беҳтар гардидани шароити зист ва рушди инфрасохтори иҷтимоии маҳал мусоидат менамояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд






