Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Декабрь 6, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр дар Москва таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар доданд.

Дар зимн роҳбарони ҳайатҳо дар қолаби маҳдуд ва васеъ доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории иқтисодӣ дар ҳавзаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод 17 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳо муваффақона анҷом ёфтани раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар соли 2025-ро таъкид намуда, натиҷабахш будани онро махсус таъкид намуданд.

Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар соли 2026 аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркманистон мегузарад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Декабрь 6, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст